ХБА коҳиши суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард


Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки бинобар сабаби суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Русия ва коҳиши ҳаҷми содироти алюминий, суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон то сатҳи камтар аз 7% поин хоҳад шуд, вале фишори таваррумӣ дар ҳамон сатҳи поин боқӣ мемонад.

Ҷ.Данн зикр кард, ки соли гуззашта суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ дар кишвар 7,5%-ро ташкил доданд, ки ба он зиёдшавии назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат намуд.

«Иқтисоди кишвар ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва воридоти маҳсулот вобастагии зиёд дошта, заминаи содиротӣ ночиз ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар ҳоли афзоиш буда, буҷет аз талафоти бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ осебпазир аст», – иброз дошт вай.

Номбурда гуфт, гурӯҳи ХБА ба Тоҷикистон назорат аз болои сатҳи таваррум, амалисозии пайдарпайи ислоҳоти сохторӣ, таҳкими низоми молӣ, назорат ва танзими бонкӣ, тақвияти мустақилияти бонки марказӣ, такмили ҳамоҳангсозии сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет, ба тартиб овардани муносибатҳои молӣ миёни БМТ ва Вазорати молия ва рушди бозори ӯҳдадориҳои давлатии қарзиро тавсия медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное