Гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел

Нимаи дуюми рӯзи 9-уми апрел дар ҷараёни сафари расмӣ ба Белгия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштон мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 9-уми апрел дар ҷараёни сафари расмӣ ба Белгия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштон мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид.

Ба таъкиди сарвари давлати Тоҷикистон, “масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ бояд дар меҳвари муносиботи судбахши Иттиҳоди Аврупо бо минтақаи мо қарор дошта бошанд”.

Идомаи дастгирӣ аз бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон -саноат, гидоэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, аз ҷумла бо назардошти эҳтиёҷоти Афғонистон зарур дониста шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои Тоҷикистон барои зиёд намудани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли тобистон, ки дархости ҷониби Афғонистон аст ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсел ҳамчунин президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусӣ аст, баррасӣ шуд. Ба густариши ҳамкорӣ барои ташхису табобати бемориҳои гуногун, омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон ва донишу таҷриба, дастгирии техникии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?