ХБА коҳиши суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки бинобар сабаби суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Русия ва коҳиши ҳаҷми содироти алюминий, суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон то сатҳи камтар аз 7% поин хоҳад шуд, вале фишори […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки бинобар сабаби суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Русия ва коҳиши ҳаҷми содироти алюминий, суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон то сатҳи камтар аз 7% поин хоҳад шуд, вале фишори таваррумӣ дар ҳамон сатҳи поин боқӣ мемонад.

Ҷ.Данн зикр кард, ки соли гуззашта суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ дар кишвар 7,5%-ро ташкил доданд, ки ба он зиёдшавии назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат намуд.

«Иқтисоди кишвар ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва воридоти маҳсулот вобастагии зиёд дошта, заминаи содиротӣ ночиз ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар ҳоли афзоиш буда, буҷет аз талафоти бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ осебпазир аст», – иброз дошт вай.

Номбурда гуфт, гурӯҳи ХБА ба Тоҷикистон назорат аз болои сатҳи таваррум, амалисозии пайдарпайи ислоҳоти сохторӣ, таҳкими низоми молӣ, назорат ва танзими бонкӣ, тақвияти мустақилияти бонки марказӣ, такмили ҳамоҳангсозии сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет, ба тартиб овардани муносибатҳои молӣ миёни БМТ ва Вазорати молия ва рушди бозори ӯҳдадориҳои давлатии қарзиро тавсия медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.