Кӯлоб: Беш аз 1,2 млн. сомонӣ баҳри коҳиши талафоти барқ

Аз оғози соли равон аз ҷониби корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб ба маблағи 1 млн. 207 ҳазор сомонӣ корҳои таъмир анҷом дода шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Мирзо Исмоилов хабар дод, аксари корҳои таъмир баҳри коҳиши талафоти барқ дар хатҳои интиқоли барқ ба иҷро расида, дар зиёда аз 50 км хатҳои интиқоли барқ […]

Турко Дикаев


Аз оғози соли равон аз ҷониби корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб ба маблағи 1 млн. 207 ҳазор сомонӣ корҳои таъмир анҷом дода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Мирзо Исмоилов хабар дод, аксари корҳои таъмир баҳри коҳиши талафоти барқ дар хатҳои интиқоли барқ ба иҷро расида, дар зиёда аз 50 км хатҳои интиқоли барқ симҳои пӯлодӣ ба алюминӣ ва буриши хурд ба бузург иваз карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, 10 адад трансформатори ҷараён ва шиддат низ иваз ва 4 адад трансформатори иловагӣ насб гардиданд. «Қариб тамоми ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронии барқ иваз карда шуданд, ки ба сарфаи нерӯи барқ имкон медиҳанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи се моҳи ҷорӣ маблағи умумии истифодаи нерӯи барқ 11 млн. 180 ҳазор сомонӣ ва ҷамъоварии маблағи он – 9 млн. 251 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ба 82,7% аз маблағи умумӣ баробар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.