Суғд: Ҳукми 5 соли зиндон ба модари тифлфурӯш


Дар вилояти Суғд як модари ҷавон барои фурӯши писарчаи навзоди худ ба 5 соли зиндони низоми умумӣ бо мусодираи амвол маҳкум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Шаҳристон хабар доданд, дар ҷараёни тафтиш  ошкор гардид, ки сокини 22-солаи ноҳияи Конибодом Ф.Х. оиладор набуда, аз ҳамдиёри айни замон дар Русия қарордоштааш ҳомиладор шудааст.

«Тибқи маслиҳати пешакӣ бо дугона ва модари худ ва тавассути тақаллубкории ҳуҷҷатҳо Ф.Х. тасмим мегирад, ки дарҳол пас аз таваллуд тифлро ба як оилаи бефарзанд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 300 сомонӣ мефурӯшад», – гуфтанд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба оилаи бефарзанд супурдани тифли навзоду озими Русия шудан, Ф.Х. баъди панҷ моҳ аз Русия баргашта, аз ҷониби кормандони милиса боздошт гардид. 

spot_imgspot_img

Популярное