Дастрасии сокинони ВМКБ ба хизматгузории адвокатҳо

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» дар доираи лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМКБ ба адолати судӣ», ки бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба фаъолияти марказҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва ҳамчунин маркази муттаҳида барои ноҳияи Шуғнону шаҳри Хоруғ идома мебахшад. Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, […]

ASIA-Plus


Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» дар доираи лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМКБ ба адолати судӣ», ки бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба фаъолияти марказҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва ҳамчунин маркази муттаҳида барои ноҳияи Шуғнону шаҳри Хоруғ идома мебахшад.

Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, айни замон дар Тоҷикистон ислоҳи ниҳоди адвокатура ҷараён дошта, иттиҳодияҳои нави адвокатҳо таъсис дода мешаванд ва шумори адвокатҳо-вакилон зиёд гардида, лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи адвокатура» дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон – минтақаи дурдасти кӯҳистон бо аҳолии беш аз 220 ҳазор нафар натанҳо иттиҳодияҳои адвокатҳо, балки худи адвокатҳо-вакилон ҳамчун ҳимоятгарони ҳуқуқи шаҳрвандон дар мурофиаҳои ҷиноятиву шаҳрвандӣ вуҷуд надоштанд. Дар чунин шароит тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳамчунин мурофиаҳои судӣ дар ВМКБ бидуни иштироки адвокатҳо сурат мегирифтанд, ки нақзи ҳуқуқҳои зикршуда дар Конститутсияи кишвар ва санадҳои байнулмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мебошад.

Мутобиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии ҶТ, ки 01-уми апрели соли 2012 қабул шуд, ба ҳимоятгар аз замони боздошт кафолат дода мешавад, аммо то замони начандон дур ҳуқуқи сокинони ВМКБ ба ҳимоя ва баррасии адолатноки судӣ риоя намешуд.  Бинобар сабаби ҳузур надоштани адвокатҳо, мақомоти тафтишоти пешакӣ имконоти воқеии таъмини боздоштшуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва минбаъд судшавандаро ба ҳуқуқи ҳимоя надоштанд, ки баъзан аз ин ба манфиати ҷониби айбдоркунанда истифода мешуд. Дар навбати худ, хешовандони наздики даъватшуда аксаран бар асари надоштани маълумоти кофии ҳуқуқӣ ёрии касбии ҳуқуқиро расонида наметавонистанд.

Фароҳам овардани имконот барои ҳуқуқшиносони ҷавон ҷиҳати дастрас кардани мақоми адвокат яке аз ҳадафҳои лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМК ба адолати судӣ» маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи директори «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров, айни замон 4 нафар узви ташкилот аз Вазорати адлияи ҶТ барои амалисозии фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома гирифта, ин ба онҳо барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ имкон медиҳад. «Оянда мақсади кушодани ба ин монанд марказҳо дар тамоми ноҳияҳои вилоятро дорем, ки ба рушди фаъолияти адвокатҳо ва адвокатура дар маҷмӯъ, пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии риояи ҳуқуқи инсон дар қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқӣ ва ҳамчунин баргузории ислоҳоти демократӣ дар қаламрави ВМКБ мусоидат хоҳад кард», – зикр кард М.Холиқназаров. 

Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ бо заминаи зарурии моддиву техникӣ, аз ҷумла, барномаи иттилоотиву ҳуқуқии «Адлия», техника ва мебели муосири корӣ ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин карда шудаанд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.