Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои идоракунии ҶСК «Агроинвестбонк» як дастаи мутахассисони маъруфи хориҷиро ҷалб намояд.
Зимни конфронси матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки давра ба давра буҷети Тоҷикистон ба иллати талафот ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад, ки сарчашмаи ин талафот бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ мебошанд.
«Дар ин маврид метавон хароҷоти соли гузаштаи ҳукумат барои танзими вазъ дар «Агроинвестбонк»-ро мисол овард», – гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, танзими вазъ бо «Агроинвестбонк» мутобиқи таҷрибаи беҳтарини байнулмилалӣ қобили қабул ва вазифаи ҳатмӣ аст.
«Барои нигоҳдории воситаҳои аз ҷониби ҳукумат ба ин бонк маблағгузоришуда мо ба ҳукумат тавсия медиҳем, ки барои идоракунии бонк тариқи озмун мутахассисони варзидаи хориҷиро ҷалб кунад», – афзуд номбурда.
ҶСК «Агроинвестбонк» соли 1992 таъсис дода шуда, яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон мебошад. Сармояи оинномавии бонк аз ҷониби шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, резидентҳои ҶТ ва ҳамчунин Бонки аврупоии таҷдиду рушд ташаккул ёфтааст.



