Таҷлили ҷашни 20-солагии Қӯшунҳои дохилии ВКД

Ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 20 сол пур шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар маросими ҷашни тантанавӣ ба ин муносибат вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, раиси КДАМ генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси КДАМ – фармондеҳи […]

ASIA-Plus


Ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 20 сол пур шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар маросими ҷашни тантанавӣ ба ин муносибат вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, раиси КДАМ генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси КДАМ – фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо ва дигар меҳмонони олиқадр, собиқадорон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии вазири корҳои дохилӣ оғоз гардида, дар он паради ҳарбӣ, суруду мусиқии низомии оркестри нафасии Қӯшунҳои дохилӣ ҳусни дигар зам намуд.

Вазири корҳои дохилӣ аз давраи ҳассосу тақдирсози даврони тозаистиқлолияти кишвар ва саҳми Қӯшунҳои дохилии ВКД дар барқарор намудани сохти контстиутсионии мамлакат ва бо дастгириву сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба ин сатҳи баланди касбӣ расидани ин сохтори низомӣ ёдовар гардида, қайд намуд, ки он нафароне, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан аз сафҳои Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро нисор намудаанд, ҳамеша дар ёди мардум ва дар дилу дидаи ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин бо фармони вазири корҳои дохилӣ як қатор афсарону генералҳо ва кормандони фаъоли сохтори мазкур бо медали «20-солагии Қӯшунҳои дохилии ВКД» сарфароз гардонида шуданд, аз ҷумла, аввалин чунин медал ба Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, ки дар таъсису ташаккулёбии Қӯшунҳои дохилӣ саҳми арзанда доранд, тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ки ҳамарӯза 270-300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегиранд. Зиёда аз 150 нафар аз ҳисоби ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии ВКД шабонарӯзӣ ба ҳифзи иншооти давлативу низомӣ ҷалб шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.