Баррасии масоили рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Чанде қабл вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон доир гардид. Тавре аз сафоратхонаи Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, рушду тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи имкони ҷалби соҳибкорони озарбойҷонӣ барои сармоягузорӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон доир гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, рушду тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи имкони ҷалби соҳибкорони озарбойҷонӣ барои сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифта, дар бораи нияти холдинги «Азерсун»-и Озарбойҷон дар мавриди таъсиси корхона оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ибрози назар шуд.

Сафири Озарбойҷон амалисозии 9 санади зимни сафари расмии президенти ҶТ ба Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 баимзорасидаро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки он ба пурмаҳсул гардидани муносибатҳои дуҷониба мусоидат ва аксари масоли миёни кишварҳоро ҳаллу фасл намуд.

Дипломати озарбойҷонӣ ҳамчунин дар бораи нақшаи дар Тоҷикистон баргузор намудани Намоишгоҳи тиҷоратии маҳсулоти истеҳсоли Озарбойҷон маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.