Cеминар оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ барои марзбонон

Понздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳифзи сарҳадоти сарҳади давлатии ҶТ дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат менамоянд. Бино ба иттилои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ – Иттиҳоди Аврупо, иҷрокунанда – БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) ташкил карда шудааст. Дар ҷараёни семинар, ду […]

ASIA-Plus


Понздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳифзи сарҳадоти сарҳади давлатии ҶТ дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат менамоянд.

Бино ба иттилои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ – Иттиҳоди Аврупо, иҷрокунанда – БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) ташкил карда шудааст.

Дар ҷараёни семинар, ду мутахассис аз Иттиҳоди Аврупо (аз кишварҳои Словакия ва Австрия) ба иштирокчиёни семинар оиди системаи аврупоии назорати ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар мавзӯъҳои дастовардҳои навтарин дар бахши бехатарӣ ва муккамал будани ҳуҷҷатҳо маълумот хоҳанд дод. Мавзӯъҳои зерин, усулҳои муқаррарии чопкунӣ, технологияи рақамии чопкунӣ ва зинаҳои тайёркунии паспорт низ дар рафти семинар баррасӣ хоҳанд гардид.

Ҳадафи семинари мазкур ин таъмин намудани муқаррароти зинаи дуюми таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба системаи аврупоии сезинагии ҳуҷҷатгузорӣ асос ёфтааст, мебошад. Кормандони салоҳиятдори назорати марзӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оиди бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ мебошанд, дар семинари мазкур бо кори амалӣ, яъне ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ машғул хоҳанд шуд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират (МБСРМ) амалӣ мешавад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.