Тавсияи ХБА ҷиҳати ҷалби хориҷиён ба идоракунии «Агроинвестбонк»

Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои идоракунии ҶСК «Агроинвестбонк» як дастаи мутахассисони маъруфи хориҷиро ҷалб намояд. Зимни конфронси матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки давра ба давра буҷети Тоҷикистон ба иллати талафот ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад, […]

Пайрав Чоршанбиев


Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои идоракунии ҶСК «Агроинвестбонк» як дастаи мутахассисони маъруфи хориҷиро ҷалб намояд.

Зимни конфронси матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари навбатии гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи мазкур Ҷонатан Данн изҳор намуд, ки давра ба давра буҷети Тоҷикистон ба иллати талафот ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад, ки сарчашмаи ин талафот бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ мебошанд.

«Дар ин маврид метавон хароҷоти соли гузаштаи ҳукумат барои танзими вазъ дар «Агроинвестбонк»-ро мисол овард», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, танзими вазъ бо «Агроинвестбонк» мутобиқи таҷрибаи беҳтарини байнулмилалӣ қобили қабул ва вазифаи ҳатмӣ аст.

«Барои нигоҳдории воситаҳои аз ҷониби ҳукумат ба ин бонк маблағгузоришуда мо ба ҳукумат тавсия медиҳем, ки барои идоракунии бонк тариқи озмун мутахассисони варзидаи хориҷиро ҷалб кунад», – афзуд номбурда.

ҶСК «Агроинвестбонк» соли 1992 таъсис дода шуда, яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон мебошад. Сармояи оинномавии бонк аз ҷониби шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, резидентҳои ҶТ ва ҳамчунин Бонки аврупоии таҷдиду рушд ташаккул ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.