Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо як ариза бобати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти милисаи ноҳияи Ҳисор ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, ариза аз ҷониби муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ба имзо расида дар он зикр мегардад, ки «раҳбарияти ҲНИТ ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки мувофиқи барномаи кории ҳизбӣ бояд рӯзи 09.04.13 соъати 13-00 дар ноҳияи Ҳисор мулоқоти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ҳизб баргузор мегашт, аммо кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия бо баҳонаи ин, ки «дар рӯзҳои корӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи доир намудани ҷаласа ё мулоқот бо аъзои хешро надоранд», монеъи баргузории ин мулоқот шуданд.
Дар идома баён мегардад, ки бархе аз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия нисбат ба раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидро низ раво диданд.
«Бинобар ин, аз Шумо тақозо мешавад, то барои монеъ шудан ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ нисбат ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор тибқи қонунгузории кишвар оид ба аҳзоби сиёсӣ ва салоҳияту ваколати вакили парлумони кишвар чорандешӣ намоед», – омадааст дар фарҷоми ариза.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Раёсати олии ҲНИТ иттилоияеро пахш намуд, ки дар аз
афзоиши фишору фазосозиҳои номуносиб
болои ҳизб сухан меравад.
Дар иттилоия, аз ҷумла зикр гардида буд, ки шурӯъ аз соли гузашта дар саросари кишвар аз тарафи мақомоти давлатӣ фишорҳои гуногун болои аъзо ва масъулини ҳизб оғоз гардида, соли ҷорӣ ин гуна амалкардҳо афзоиш ёфтаанд.



