Роҳбаладон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро ба маҳкама кашиданд

Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аризаи даъвогии 12 нафар роҳбаладон нисбати мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ мешавад. Адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи […]

Маҳпора Киромова


Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аризаи даъвогии 12 нафар роҳбаладон нисбати мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ мешавад.

Адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи январи соли равон 27 кило маводи мухаддири героин мусодира шуда буд. Аз шумори умумии нафарони аз кор озодшуда танҳо 12 нафарашон ба суд муроҷиат кардаанд.

«Пас аз ин ҳодиса мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи шартномаи дастаҷамъӣ (коллективӣ) 22 нафар роҳбаладонро аз кор озод намуда, дар санад зикр мегардад, ки дар сурати дар қатора дарёфт шудани маводи мухаддир, корфармо ба якҷониба бекор кардани шартнома ҳуқуқ дорад, аммо даъвогарон изҳор менамяонд, ки онҳо ба героини дарёфтшуда ҳеҷ муносибате надоранд ва гузашта аз ин, онҳо умуман аз шартномаи дастаҷамъонаи баимзорасида миёни корфармо ва иттифоқи касабаи корхона огаҳие надоранд», – иброз дошт адвокат.

Ба қавли ӯ, роҳбаладон ҳикоят кардаанд, ки маҳз ҳамон рӯзи озими Маскав шудан ба ҳайати роҳбаладон боз ду нафар илова шуда, ба эътиқоди онҳо, инҳо одамони мақомоти раҳбарии корхона будаанд ва яқинан онҳо ба интиқоли героин дахл доранд.

«Ба гуфтаи роҳбаладон, пас аз боздошт нисбати яке аз онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъдан чӣ гуна сурат гирифтани воқеъаро онҳо намедонанд, вале изҳор карданд, ки айни замон онҳо дар озодӣ буда, дар Тоҷикистон қарор доранд», – мегӯяд Нуриддинов.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳарчанд он ду нафари зикршуда ҳам дар қатори ин роҳбаладон аз кор озод шуда бошанд ҳам, вале даъвогарон бо қарори корфармо мувофиқ нестанд. «Онҳо барқарор шудан дар ҷойи кори пештараро доранд, зеро 4 нафари онҳо занон буда, ҳар кадоме аз бекормондагон 5-6 нафарӣ фарзанд доранд. Ғайр аз ин, онҳо ғайриқонунӣ эътироф гардидани шартномаи дастаҷамъонаро тақозо мекунанд», – афзуд адвокат. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.