Суғд: Ҳукми 7,5 соли зиндон ба милиса барои истисмори занон

Суди шаҳри Хуҷанд собиқ корманди шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, зодаи шаҳри Душанбе Баҳриддини Умарови 37-соларо барои истисмори занон ба 7,5 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати се соли минбаъда маҳкум кард. Раиси мурофиаи судии мазкур, раиси суди шаҳри Хуҷанд […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд собиқ корманди шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, зодаи шаҳри Душанбе Баҳриддини Умарови 37-соларо барои истисмори занон ба 7,5 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати се соли минбаъда маҳкум кард.

Раиси мурофиаи судии мазкур, раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева дар ин робита гуфт, суд айбдоршавандаро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 132, қ. 3 (Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Тоҷикистон бурдани чунин шахсон) ва 314 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор эътироф намуд.

Ба қавли судя, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, шикоят аз болои он иимконпазир аст, вале ҷониби ҳимояи маҳкумшуда аллакай изҳор кардааст, ки аз болои ҳукм эътироз нахоҳанд овард.

Дар идома судя изҳор кард, ки Умаров бо маслиҳати пешакӣ бо як ҳамзисти худ бо ваъдаи дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Туркия дар ихтиёр доштани нуқтаҳои фурӯш, барои кор духтаронро ҷустуҷӯ мекардаанд.

«Ҳамин тариқ, онҳо чор нафар духтарон, сокинони Суғдро, ки яке аз онҳо ноболиғ аст, ба кор ҷалб намуда, ба ин кишварҳо фиристодаанд. Дар фурудгоҳ онҳоро шиносҳои корманди милиса пешвоз ва ҳуҷҷатҳояшонро кашида гирифта, ба фоҳишагӣ машғул шуданро маҷбур кардаанд», – иброз дошт М.Ҳабибуллоева.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи ноябри соли гузашта Баҳриддин Умаров аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.