Нишасти хабарӣ бахшида ба озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон»

Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Гулистон-тур 2» бахшида ба пешрафти озмунҳои ҷумҳуриявии «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «Менеҷерони беҳтарини Тоҷикистон» дар соли 2013 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тавре аз Ассотсиатсияи миллии менеҷерони Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибкорон, бизнес-ассотсиатсияҳо ва воситахои ахбори омма иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории озмун аз […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Гулистон-тур 2» бахшида ба пешрафти озмунҳои ҷумҳуриявии «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «Менеҷерони беҳтарини Тоҷикистон» дар соли 2013 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Тавре аз Ассотсиатсияи миллии менеҷерони Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибкорон, бизнес-ассотсиатсияҳо ва воситахои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун аз оммавӣ гардондани соҳибкории ватанӣ, ташаккул додани симои мусбати соҳибкорон дар мамлакат,  нишон додан тавассути менеҷер-идоракунандагони ботаҷриба ва пешқадам, пропаганда додани комёбиҳои онҳо ва ташаккул додани симои мусбати роҳбар – менеҷерҳо дар Тоҷикитсон мебошад. Озмунҳо дар якчанд марҳала гузаронида мешавад.

Интихоби  довталабон ва ғолибонро Шӯрои коршиносон дар асоси баҳодиҳии пешакии коршиносон ва овоздиҳии аҳли ҷомеа тавассути сомонаҳо «он-лайн муайян мекунад. Шӯрои коршиносон аз ҷумлаи олимону мутахассисон, таҳлилгарон ва рӯзноманигороне, ки доираҳои академӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, воситаҳои ахбори мустақил, ташкилотҳои донорӣ ва лоиҳаҳои байналмилалиро намояндагӣ мекунанд, ташкил шудааст.

Озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикитсон» ба ду ҷоиза (номинация) соҳавӣ ва мавзӯӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин ҷоизаи махсус пешбинӣ карда шудааст. Иштирокчиён ҳуқуқ доранд якбора ба ду ҷоиза – ҳам  соҳавӣ ва ҳам мавзӯӣ  дархост пешниҳод намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.