Иштироки Тотал дар корҳои истихроҷи нафту газ дар ҷануб

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел дар Брюссел масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо ин ширкат баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр гардидааст, ки ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел дар Брюссел масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо ин ширкат баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр гардидааст, ки ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.

Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати Тетис петролиум ба роҳ мемонад.

Чунонки зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Ин кор, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.

Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.

Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин вуҷуди бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин умедвориҳои зиёд доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.