Кӯмаки Конгресси ИМА ба Тоҷикистон ҷиҳати бекор кардани иловаи қонуни Ҷексон-Веник

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили Конгресси ШМА Ли Терри ва Сенатор Майк Ҷоҳанс (аз ҳизби ҷумҳурихоҳон) дар робита бо раванди имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-фарҳангӣ миёни ду кишвар мулоқотҳои ҷудогонаро анҷом дод. Тавре аз сафорати ҶТ дар ИМА хабар доданд, сафир вакили Конгресси Ли Терри ва Сенатор […]

Иттилоияи расмӣ


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили Конгресси ШМА Ли Терри ва Сенатор Майк Ҷоҳанс (аз ҳизби ҷумҳурихоҳон) дар робита бо раванди имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-фарҳангӣ миёни ду кишвар мулоқотҳои ҷудогонаро анҷом дод.

Тавре аз сафорати ҶТ дар ИМА хабар доданд, сафир вакили Конгресси Ли Терри ва Сенатор Майк Ҷоҳансро ба таври муфассал бо вазъи минтақа ва дидгоҳи раҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистонро доир ба роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои обу-энержӣ, саноат ва кишоварзӣ,  мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон ва хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ аз ин кишвар, рушду нумӯи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташаббуси Тоҷикистон  ҷиҳати таҷлили Соли байналмилалии об шинос кард.

Масъулини номбурда  дар навбати худ саъю талошҳои Тоҷикистонро  ҷиҳати таҳкими робитаҳои шарикона ва муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ-иқтисодӣ бо ИМА, инчунин кӯмак ба барқарорсозӣ ва эҳёи иқтисодии Афғонистони ҳамсоя баланд арзёбӣ карданд.

Сафир ба ҷониби америкоӣ барои дастгирии узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  сипосгузорӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки Конгресси ИМА ва аъзои он ба Тоҷикистон ҷиҳати бекор кардани иловаи қонуни Ҷексон-Веник  соли ҷорӣ мусоидат хоҳанд кард. Сенатор Майк Ҷоҳанс ва вакили Конгресс Ли Терри итминон доданд, ки барои аз нав баррасӣ кардани ин мавзӯъ дар Конгресси ИМА ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.