У.Руснак: Дурнамои рушди энергетикаи Тоҷикистон басо умедворкунанда аст

Дар Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”, ки таҳти раёсати Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон дар Брюссел ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак, Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел, Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон ва роҳбарону намояндагони воломақоми ширкатҳои зиёди […]

ASIA-Plus


Дар Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”, ки таҳти раёсати Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон дар Брюссел ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак, Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел, Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон ва роҳбарону намояндагони воломақоми ширкатҳои зиёди соҳибнуфузи Аврупо иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқие, ки барои соҳибкорону сармоягузорон муҳайё гардидааст, бевосита иттилоъ дод.

Тафсилоти чунин имконот, ҳамчунин аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ муаррифӣ гардид.

Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва ғайра иттилооти муфассал пешниҳод гардид.

Аз шарикони хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак суханронӣ намуда, дурнамои рушди ин соҳаи Тоҷикистонро басо умедворкунанда номид.

Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо захираҳои фаровони нафту гази худ, пеш аз ҳама дар ҳавзаи Амударё метавонад яке аз кишварҳои бузурги минтақа гардад”. Тавре ӯ зикр намуд, танҳо дар ҳавзаи Амударё 27,5 миллиард баррел нафт, 3,22 триллион метри мукаъаб газ ва 8,5 миллиард баррел конденсати нафт мавҷуд аст.

Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел воридшавии ин ширкатро ба иқтисодиёти Тоҷикистон имкони хеле фарохи рушди кишвар номид. Тавре ӯ зикр намуд, ин ширкат дар 130 кишвари ҷаҳон зиёда аз 700 намояндагӣ дошта, даромади солонааш баробар ба 200 миллиарди доллари амрикоӣ аст. Ин ширкат танҳо соли 2013 28 миллиард доллари амрикоӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон сармоягузорӣ карданӣ аст.

Ба андешаи Майкл Боррел, воридшавии якҷояи ширкатҳои Тотал, Теттис петролиум ва CNPC- и Чин боиси ҷаҳиши бузург дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба имконоти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика зоҳир гардид. Тавре аён гардид, мавриди истифодаи босамар қарор гирифтани захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон боиси рушди бесобиқаи иҷтимоию иқтисодии кулли минтақа хоҳад буд, зеро норасоии нерӯи барқ дар бисёр кишварҳои ин минтақаи фарох эҳсос мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.