Ҳиссаи Русия дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш меёбад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳиссаи Қирғизистони ҳамсоя ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози соли равон ба Тоҷикистон 78 ҳазору 37 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазор тонна камтар аст.
Дар зарфи 4 моҳ ба ҷумҳурӣ 25,9 ҳазор тонна бензин (нисбат ба 4 моҳи соли 2012 – 28,6 ҳазор тонна камтар), 36 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (1,4 ҳазор тонна камтар), 17,3 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ (5,6 ҳазор тонна зиёдтар), 4,2 ҳазор тонна мазут (1,095 ҳазор тонна камтар), 2,7 ҳазор тонна битум (1,6 ҳазор тонна бештар) ва 2,7 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ (256 тонна бештар) таҳвил шудааст.
Аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории воридотӣ 29 ҳазору 722 тонна ё худ 38,1% ба ҳиссаи Русия рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 38 ҳазору 157 тонна камтар аст. Нархи миёнаи маҳсулоти нафтии Русия аз оғози сол 1 ҳазору 266 $ барои 1 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат соли гузашта 71 $ зиёдтар аст.
Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Қирғизистон 26 ҳазору 511 тонна ё худ 34% аз ҳаҷми умумӣ маҳсулоти нафтӣ ворид шуда, дар муқоиса бо Русия ҳаҷми воридот аз ин кишвар ба миқдори 22 ҳазору 762 тонна афзудааст. Нархи он низ ба миқдори 73 $ поин рафта, 903 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил додааст.
Ҳаҷми воридот аз Туркманистону Қазоқистон низ коҳиш ёфтааст. Ҳиссаи Туркманистон дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 12 ҳазору 110 тонна ё худ 15,5% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9 ҳазору 290 тонна камтар гардидааст. Арзиши 1 тонна сӯзишвории Туркманистон 1 ҳазору 316 $-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 133 $ зиёдтар мебошад.
Соли равон аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ 4 ҳазору 218 тонна ё худ 5,4% аз ҳаҷми умумӣ мҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2012 ба миқдори 1 ҳазору 866 тонна камтар аст. Арзиши маҳсулоти нафтии Қазоқистон 861 $-роташкил дода, нисбат ба соли гузашта 91 $ зиёдтар аст.
Воридоти маводи сӯзишворӣ аз Ӯзбекистону Белорус ва Украина пурра қатъ гардида, ҳиссаи кишварҳои дигар каме бештар аз 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.



