Душанбе: Дастрасии маъюбон ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ

Дар назди Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе қабулгоҳ оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба маъюбон кушода шуд, ки дар он ба ниёзмандон ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Фотима Шамсиддинова машварат медиҳад. Фотимаи 25-сола худ ноқисии чашм дошта, соли 2011 бахши ҳуқуқшиносии ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кард ва айни замон дар аспирантура […]

ASIA-Plus


Дар назди Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе қабулгоҳ оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба маъюбон кушода шуд, ки дар он ба ниёзмандон ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Фотима Шамсиддинова машварат медиҳад.

Фотимаи 25-сола худ ноқисии чашм дошта, соли 2011 бахши ҳуқуқшиносии ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кард ва айни замон дар аспирантура таҳсил ва ҳамзамон машғули кор буда, ба афроди дорои имконияти маҳдуд кӯмак мерасонад.

«Қабулгоҳи мо ба ҳамаи шахсони дорои қобилиятҳои маҳдуди ҷисмонӣ кӯмак мерасонад, то ки онҳо ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ дастрасии баробар дошта бошанд ва аз ин рӯ, аксаран лозим меояд, ки машваратҳои сайёр баргузор кунем», – мегӯяд Шамсиддинова.

Ба гуфтаи ӯ, қабулгоҳ моҳи феврали соли равон ифтитоҳ гардида, аллакай ба 50 нафар машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод шудаанд, ки қисми зиёдашонро маъюбони гурӯҳи 1-ум ташкил медиҳанд.

«Онҳо бештар ба масоили таъминот бо нафақа, имтиёзҳо барои маъюбон, ҷойи кор ва мушкилоти оилавӣ муроҷиат намуда, мизоҷони мо натанҳо сокинони пойтахт, балки афроди маъюби ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ ва Ҳисору Турсунзода низ мебошанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.