5 млн. еврои ИА ба барномаи зидддимухаддироти кишварҳои ОМ

Дар ҷараёни конфронси хотимавии марҳилаи 5-уми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (CADAP) дар Бишкек изҳор гардид, ки  Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба марҳилаи навбатии 6-уми ин барнома  5 млн. евро маблағ ҷудо карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, давоми 3 соли амалисозии барнома беш аз 3 […]

Заррина Эргашева


Дар ҷараёни конфронси хотимавии марҳилаи 5-уми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (CADAP) дар Бишкек изҳор гардид, ки  Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба марҳилаи навбатии 6-уми ин барнома  5 млн. евро маблағ ҷудо карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, давоми 3 соли амалисозии барнома беш аз 3 ҳазор нафар коршиносон ва намояндагони ҳукуматҳои панҷ кишвари минтақа бо машғулиятҳои омӯзиши методикаҳои муосири тиббӣ ва равонӣ фаро гирифта шуда, дар доираи татбиқи барнома марказҳои табобату барқарорсозӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.

«Ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти марбут ба густариши нашъамандӣ ва таҳдиди гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ миёни истеъмолгарони маводи нашъаовар тавассути сӯзандору мувоҷеҳанд», – иброз доштанд дар намояндагӣ.

Барномаи мазкур ба амалисозии кӯшишҳои муштарак дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар ҳамроҳӣ бо андешидани чораҳои коҳиши таъминот бо маводи мухаддир равона гардидааст, ки дар доираи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (BOMCA)-и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.