Назари Қувватов дар бораи номзади имконпазири президентӣ

Дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Қувватов мегӯяд, мебояд ҳатман ҳолнома, фаъолият, эътиқод ва барномаи номзад мавриди омӯзиш қарор бигирад. «Ман бештар ба […]

ASIA-Plus


Дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.

Қувватов мегӯяд, мебояд ҳатман ҳолнома, фаъолият, эътиқод ва барномаи номзад мавриди омӯзиш қарор бигирад. «Ман бештар ба ҷавонони ҷадид эътимод дорам, вале афроде низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар ин бозии сиёсӣ бештар имтиёз ба даст оранд ва фоҷеаовар хоҳад буд, агар онҳо то интихоботи президентӣ бирасанд», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Қувватов, ӯ иштибоҳоти мухолифин дар соли 1992-ро, ки ба оқибатҳои мудҳиш боис шуданд, ба инобат мегирифт. «Ман касонеро ҳурмат мекунам, ки ҳақиқатро мегӯянд ва устуворона аз ақидаи худ ҳимоят мекунанд, вале ба афроде, ки бо сарусадо пайдо шуда, худро таблиғ карланианд, эътимод надорам», – зикр кардааст Қувватов.

Ӯ бар ин назар аст, ки мардум набояд ба аз ҷониби ҳукумат пешбарӣ шудани шахси сохтаву таҳмилӣ ба сифати номзад роҳ бидиҳад ва ин шахсро дарҳол метавон мушаххас намуд, зеро 90% танҳо ба мадҳи ӯ хоҳанд пардохт.

 Қувватов роҳандозии маърака барои таъмини шаффоф ва қонунӣ баргузор шудани интихоботи президентӣ ва пешниҳоди далелҳои навбатии айбдоркунандаи ҳокимияти кунуниро ваъда кардааст, вале ба ҷуз ваъда, алҳол дигар чизе нест.

Ёдрас мекунем, ки айни замон Қувватов дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Дубай (АМА) қарор дошта, масъалаи истирдоди минбаъдаи ӯ ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд.

Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.