Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар ҷумҳурӣ

Соли равон дар Тоҷикистон 4360,9 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млню дона зиёд мебошад. Шумораи коргарон 744 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумти маркази матбуоти Вазорати энергетикам ва саноати ҷумҳурӣ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 85 корхонаи истеҳсоли хишт таъсис ёфта, бинобар мавсимӣ будани фаъолияти аксари онҳо дар […]

ASIA-Plus


Соли равон дар Тоҷикистон 4360,9 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млню дона зиёд мебошад. Шумораи коргарон 744 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумти маркази матбуоти Вазорати энергетикам ва саноати ҷумҳурӣ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 85 корхонаи истеҳсоли хишт таъсис ёфта, бинобар мавсимӣ будани фаъолияти аксари онҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 25 корхона фаъолият кардаанд. Шумораи коргарон дар онҳо 744 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ соли равон 6 корхонаи истеҳсоли хишт бо 173 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷумҳурӣ 65 корхонаи истеҳсоли қуму шағал мавҷуд буда, тавре маълум аст, фаъолияти онҳо мавсимӣ мебошад. Бо муътадил шудани обу ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият дар се моҳи соли ҷорӣ 56-тои он аз нав ба фаъолият шуруъ намуда, ба миқдори 106,7 ҳазор м3 қуму шағал истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,1 ҳазор м3 зиёд аст. Суръатафзоии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2,6 баробар мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ноҳияи Шӯробод аз ҷониби ҶММ «Анвар» як корхонаи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори 40 ҳазор м3 оғоз карда ба миқдори 15,7 ҳазор м3 маҳсулот истеҳсол намуда, шумораи ҷойҳои кории корхона 12 нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.