Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо ноиби президенти Ҳиндустон

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ноиби президенти Ҳиндустон Шри Моҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар баргузор шуд.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ масоили татбиқи санадҳое, ки дар рафти сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон моҳи сентябри соли гузашта ба имзо расида буданд, баррасӣ гардиданд.

Зимни сӯҳбат маҷмӯи васеи масоили робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ дар бахши энергетика изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Варзоб-1-ро аз намунаҳои назарраси ин ҳамкорӣ номиданд. Инчунин ҷалби сармояи ҳиндустонӣ ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гашт.

Дар рафти мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои хурди Ҳиндустонро дар Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ дар самти густариши муносибатҳои иқтисодии дуҷониба номид.

Тарафҳо оид ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон табодули назар намуда, татбиқи мувофиқатҳои конфронси RECCA V барои таъмини амнияту суботи минтақа зарур шумориданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин таъкид гардид, ки барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон барои тавсеи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда ниҳоят муҳим мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуда, хотиррасон кард, ки соли 2014 дар Тоҷикистон 700 солагии мутафаккири бузурги шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегардад. Дар ин ҷода, ташкил кардани сафари пайравони зиёди ин мутафаккири бузург аз Ҳиндустон ҷиҳати зиёрати оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар ш. Кӯлоб яке аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд роҷеъ ба ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...