Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,1 млрд. $-ро ташкил медиҳад

Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 125,75 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 25,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз ҳисоби пардохт дар зарфи се моҳи соли равон қарзи хориҷии кишвар ба миқдори 43,66 млн. […]

Заррина Эргашева


Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 125,75 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 25,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз ҳисоби пардохт дар зарфи се моҳи соли равон қарзи хориҷии кишвар ба миқдори 43,66 млн. $ коҳиш ёфта, аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда 2 млрд. 169,41 млн. $ ё худ 28,5%-и ММД-ро ташкил медод.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, соли 2013 барои пардохти қарзи асосӣ – 100,4 млн. ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 33 млн. доллари ИМА равона мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.