Оғози мурофиаи судии марги Икромзода бо муноқиша

ASIA-Plus


Рӯзи 15-уми апрел дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мебоист мурофиаи судӣ оид ба далели марги маҳбуси муассисаи ислоҳии №1 Ҳамза Икромзода нисбати корманди ин муассиса Маҳмуд Исмоилов ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз мегардид.

Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода гуфт, аввалан онҳо расман дар бораи мурофиаи судӣ огоҳ карда нашуда, бинобар сабаби дар сафари корӣ қарор доштани ҳимоятгарашон, ба суд оид ба то бозгашти ҳимоятгар мавқуф гузоштани мурофиа ариза пешниҳод карданӣ будаанд.

Ба гуфтаи ӯ, вақте онҳо ба кабинет меоянд, дар он ҷо айбдоршаванда ва на камтар аз 30 нафар хешовандони ӯ ҳузур доштаанд.

«Судшаванда Маҳмуд Исмоилов бо тамасхуру киноя ба мо фаҳмониданӣ буд, ҳар чӣ аз дастатон ояд, кардан гиред, вале суд ҷонибдори ӯ хоҳад буд. Судя Рустам Мирзоев аризаи моро ба инобат нагирифта, мурофиаро идома дод. Ман изҳор доштам, ки бидуни адвокат дар мурофиаи иштирок нахоҳем кард. Касе маро маро ба баромадгоҳ тела дода, нафари костюмдору галстукбанд ба рӯи ман зарба зад. Гузашта аз ин, яке аз хешовандони судшаванда нисбати модари ман дашному ҳақоратро раво дид», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, судя Рустам Мирзоев дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи вазъи рухдода ва сабаби ба ҷониби ҷабрдида ирсол накардани даъватномаи расмӣ ба суд худдорӣ варзид.

Моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дода буд, ки аз рӯи ин далел

се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

«Тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз рӯи ду моддаи қонунгузории ҷиноӣ – хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боз шудааст, идома дорад», – гуфта буд прокурори генералӣ.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...