Р.Зойиров: Чин аз масоҳати таъиншуда бештар қаламрав гирифт

Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад. Бино ба иттилои сомонаи радиои эронии «Садои Хуросон» Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Бино ба иттилои сомонаи

радиои эронии «Садои Хуросон»

Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин дар баробари қарзҳои молиии ҳукумати Душанберо низ таъкид кардааст.

«Ман шахсан ба ноҳияи Мурғоб рафтам ва дидам, ки марзбонони чинӣ дар бахше аз манотиқ то 20 километрии дохили хоки Тоҷикистон нуфуз кардаанд. Ҳол он ки бар асоси қарордоди аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Чин, танҳо ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ноҳияи Мурғоб ба ҷониби Чин вогузор шуда буд», – зикр кардааст номбурда.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки баъзе расонаҳои хабарии русӣ интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии артиши Тоҷикистонро ба вилояти Бадахшон, пешгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолии мардуми ин минтақа ба вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин барои бозпардохти қарзҳои молиии давлати Тоҷикистон ба ин кишвар унвон кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он 1,1 ҳазор километри мураббаъи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид. Ин қитъаи замини ба ихтиёри Чин додашуда 5,5%-и қаламрави нахуст талабкардаи Пекинро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.