Таъкиди тақвияти фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд. Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда нест. Тавре зикр гардид, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 50 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳад. Танҳо моҳи сентябри соли 2012 зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон 12 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Аз ин хотир, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба, татбиқи босамари санадҳои имзошуда зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи тавофуқоти сершумори иқтисодию сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст пояҳои устувор мегузорад.

Рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар номида шуд. Дар ин робита гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои мусоидат ба эҳёи ҳаёти осоишта ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.