Дар Тоҷикистон қонуни танзими асъор қабул мешавад

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро баррасӣ карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ […]

ASIA-Plus


Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов дар назди аъзои Шӯро лоиҳаи қонуни мазкурро муаррифӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиёт, молия, низоми асъорӣ ва савдои берунаи ҷумҳурӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва сатҳи алоқамандии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба хоҷагии ҷаҳонӣ таҳия шуда, аз 4 боб ва 24 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.

Дар Шӯрои МН ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири навро муҳокима ва баррасӣ шуданд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, қисме аз онҳоро барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 17-уми апрел баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигарро барои ташхиси ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.