Талаби қатъи равуои қатораҳои Тоҷикистон ба Русия

Дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонӣ таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард. Ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Ақсойски вилояти Астрахан доир гардид. Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онищенко бо вазъи қатораи аз Душанбе воридгардида аз […]

ASIA-Plus


Дар робита ба камбудиҳои ошкоргардида зимни ҷаласаи сайёри Комиссияи давлатии марзбонӣ таҳти сарварии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия қатъи равуоҳои қатораҳои Тоҷикистонро тақозо кард.

Ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Ақсойски вилояти Астрахан доир гардид. Дмитрий Рогозин ва роҳбари «Роспотребнадзор» Геннадий Онищенко

бо вазъи қатораи аз Душанбе воридгардида

аз наздик ошно гардиданд. Онҳо ба хулоса расиданд, ки равуои мусофирон дар чунин қатораҳо ғайриимкон мебошад. Муовини сардори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия Владимир Мочалов ваъда додааст, ки ба «Роспотребнадзор» дар бораи ба қаламрави Русия роҳ надодани қатораҳои мувофиқатнадошта ба талаботи санитарӣ пешниҳод ирсол мекунад.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, Хадамоти марзбонии Русия аз мунтазам ба сифати воситаи таҳвили мухаддирот истифода шудани қатораи Душанбе-Маскав нигарон аст.

Владимир Мочалов мушкилии назорати марзиро бо он маънидод намудааст, ки то ҳанӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Руия бо шиносномаҳои дохилӣ ворид мешаванд, ки онҳо сатҳи зарурии муҳофизатро доро нестанд ва дар низомҳои худкори назорати русиягӣ ба кор намеоянд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки аз моҳи апрели соли 2012 дар ҶСК «РЖД» 117 нафар нозирон оид ба амнияти нақлиёт фаъолият дошта, тамоми қатораҳои Осиёи Миёнаро аз марз то истгоҳи таъинот ҳамроҳӣ мекунанд, вале пурра хизматгузории қатораҳои хориҷӣ аз ҷониби ҳайатҳои кормандони роҳи оҳани Русия ғайриимкон ва мувофиқи қоидаҳо манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, «Мир 24» иттилоъ медиҳад, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Маскав ба ҷонибдории ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Осиёи Марказӣ гирдиҳамоӣ доир гардид. Зери муроҷиатнома дар ин хусус аллакай беш аз 100 ҳазор нафар имзо гузоштаанд. Рӯзи шанбе муроҷиатнома ба Думаи Давлатӣ супурда шудааст.

Гуфта мешавад, дар гирдиҳамоӣ асосан ҳузури миллатгароёни ҷавони синнусоли аз 17 то 22-сола ба мушоҳида расидааст. Ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Осиёи Марказӣ, шароити мусоид фароҳам овардан барои бозгашти русҳо ба ватан, ба сифати муҳоҷирон ҷалб кардани танҳо нафарони соҳибтахассус аз кишварҳои аврупоӣ, бекор кардани тартиби содашудаи гирифтани шаҳрвандии Русия ва ғайра аз ҷумлаи талаботи аслии гирдиҳамомадагон унвон мешаванд.

Дар шаҳрҳои Барнаул, Сиктивкар, Уфа ва дигар шаҳрҳои Русия низ ба ин монанд гирдиҳамоиҳо баргузор шудаанд.

Раҳбарияти

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

ҳанӯз ба шарҳу тавзеҳи изҳороти роҳбари «Роспотребнадзор»-и Русия Геннадий Онишенко пас аз санҷиши қатораи хатсайри Душанбе-Маскав дар вилояти Астрахан омода нест.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.