Пешгирии фирори маҳбус аз зиндони Ваҳдат

ASIA-Plus


Дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20 километрии шарқи Душанбе аз фирори як маҳбус ҷилавгирӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов дар ин робита хабар дод, сокини шаҳри Турсунзода, Иззатулло Шодиеви 29-сола, ки мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд, кӯшиши фирор аз маҳбасро карда, вале се нафар сарбозони хизмати ҳатмии дар посгоҳ қарордошта аз ин воқиф шудаанд.

«Баъди ба инобат нагирифтани ҳушдори посбонону аз роҳ нагаштан, ба сӯи ӯ оташ кушода шуда, ӯ аз пояш захмӣ шуд ва дарҳол ба муассисаи тиббии тобеъи муассиса бистарӣ гардид», – иброз дошт Муродов.

Ба қавли ӯ, айни замон тафтишоти ҳодиса ҷараён дошта, акнун муҳлати ҷазои маҳбус ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар хоҳад шуд. «Се нафар сарбози саҳмдошта дар боздошти маҳбуси фирорӣ барои хизмати шоёну ҳушёрӣ зоҳир намудан, пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шуданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...