Рекорди нави Gazprom International дар Тоҷикистон

Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ дар майдони ояндадори нафтугази Сариқамиш дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ширкати русиягии Gazprom International анҷом дода мешаванд, дар чоҳи «Шаҳринав-1п» аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр дар 6 ҳазору 130 метр корҳои пармакунӣ ба иҷро расиданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, ин рекорди нави мутлақи кофтани чоҳи […]

Заррина Эргашева


Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ дар майдони ояндадори нафтугази Сариқамиш дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ширкати русиягии Gazprom International анҷом дода мешаванд, дар чоҳи «Шаҳринав-1п» аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр дар 6 ҳазору 130 метр корҳои пармакунӣ ба иҷро расиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, ин рекорди нави мутлақи кофтани чоҳи нафту газ то ба ин сатҳи чуқурӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

«То имрӯз чоҳи чуқутарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар хамии Фарғонаи шарқи Ӯзбекистон (6112 метр) парма шуда буд. Дар Тоҷикистон то кунун чоҳи «Қаратоғи-1-и Ҷанубӣ» (6101 метр) чуқуртарин ба шумор мерафт, ки соли 1991 дар ҷануби ҷумҳурӣ парма шуда буд», – зикр мегардад дар иттилои сомонаи ширкат.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.