Пешгирии фирори маҳбус аз зиндони Ваҳдат

Дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20 километрии шарқи Душанбе аз фирори як маҳбус ҷилавгирӣ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов дар ин робита хабар дод, сокини шаҳри Турсунзода, Иззатулло Шодиеви 29-сола, ки мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) ба […]

ASIA-Plus


Дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20 километрии шарқи Душанбе аз фирори як маҳбус ҷилавгирӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов дар ин робита хабар дод, сокини шаҳри Турсунзода, Иззатулло Шодиеви 29-сола, ки мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд, кӯшиши фирор аз маҳбасро карда, вале се нафар сарбозони хизмати ҳатмии дар посгоҳ қарордошта аз ин воқиф шудаанд.

«Баъди ба инобат нагирифтани ҳушдори посбонону аз роҳ нагаштан, ба сӯи ӯ оташ кушода шуда, ӯ аз пояш захмӣ шуд ва дарҳол ба муассисаи тиббии тобеъи муассиса бистарӣ гардид», – иброз дошт Муродов.

Ба қавли ӯ, айни замон тафтишоти ҳодиса ҷараён дошта, акнун муҳлати ҷазои маҳбус ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар хоҳад шуд. «Се нафар сарбози саҳмдошта дар боздошти маҳбуси фирорӣ барои хизмати шоёну ҳушёрӣ зоҳир намудан, пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шуданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.