Рекорди нави Gazprom International дар Тоҷикистон

Заррина Эргашева


Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ дар майдони ояндадори нафтугази Сариқамиш дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ширкати русиягии Gazprom International анҷом дода мешаванд, дар чоҳи «Шаҳринав-1п» аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр дар 6 ҳазору 130 метр корҳои пармакунӣ ба иҷро расиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, ин рекорди нави мутлақи кофтани чоҳи нафту газ то ба ин сатҳи чуқурӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

«То имрӯз чоҳи чуқутарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар хамии Фарғонаи шарқи Ӯзбекистон (6112 метр) парма шуда буд. Дар Тоҷикистон то кунун чоҳи «Қаратоғи-1-и Ҷанубӣ» (6101 метр) чуқуртарин ба шумор мерафт, ки соли 1991 дар ҷануби ҷумҳурӣ парма шуда буд», – зикр мегардад дар иттилои сомонаи ширкат.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...