Шиносоии Э.Раҳмон бо натоиҷи аудити пойгоҳи низомии Русия

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Палатаи ҳисоби Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сергей Степашин бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия ба сарвари давлати Тоҷикистон гузориш доданд.

Ҳамчунин Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард.

«Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистон зоҳир гардид», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...