ВКХ изҳороти Зойировро иғвоангезӣ унвон кард

Роҳбари департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро иғвоангезӣ унвон кард. Дар брифинги имрӯз доиргардида дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки ВКХ ҶТ оид ба масъалаи мазкур ба […]

Меҳрангез Турсунзода


Роҳбари департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро иғвоангезӣ унвон кард.

Дар брифинги имрӯз доиргардида дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки ВКХ ҶТ оид ба масъалаи мазкур ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст ва «ин изҳорот бепоя аст». «Ман намефаҳмам, ки чунин изҳорот ба кадом хотир пахш мешавад, вале касе ин корро мекунад, мақсадҳои тамаъҷӯиро пайгирӣ дорад», – иброз дошт ӯ.

Чанде қабл раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров

изҳор кард,

ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Бино ба иттилои сомонаи радиои эронии «Садои Хуросон» Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин дар баробари қарзҳои молиии ҳукумати Душанберо низ таъкид кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.