Прокураураи генералии Тоҷикистон аз прокуратураи ноҳияи Ҳисор талаб намуд, ки далелҳои шикояти маъюб Дилшод Шарифов оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милиса ва мақомоти прокуратураи ноҳия дақиқан санҷида шаванд.
Чӣ тавре ки аз Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи апрели соли 2011 Дилшод Шарифов ва ҳамсояи ӯ Шуҳрат Холов шоҳиди лату кӯби корманди дорухона аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Ҳисор шуда, баҳри пешгирии он, изҳор кардаанд, ки ба прокуратура муроҷиат мекунанд. Кормандони милиса ба лату кӯб хотима бахшида, автомашинаи корманди дорухонаро бо худ мебаранд.
Идомаи ҳодиса чунин сурат мегирад, ки худи ҳамон шаб Шуҳрат Холов ва баъди чанд рӯзи дигар Дилшод Шарифовро низ ба шуъбаи милиса бурда, онҳоро мавриди луту кӯб ва маҷбур месозанд, ки аз баёноти додаашон муқобили кормандони милиса даст кашанд.
«Моҳияти шикояти Дилшод Шарифов дар он ифода меёбад, ки барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати ӯ ва шаҳрвандони дигар кормандони милисаи ноҳияи Ҳисор муҷозот намешаванд», – гуфтанд ҳомиёни ҳуқуқ.
Ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералии ҶТ қарори прокуратураи ноҳияи Ҳисор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони милиса аз рӯи далели истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмонаро бекор намуда, маводи санҷиш аз рӯи ҳодисаи мазкурро барои баррасии дақиқу мунсифона ба прокурори ноҳияи Ҳисор фиристод.





