Баррасии масъалаи иштироки БОР дар лоиҳаи CASA-1000

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии директори шӯъбаи энергетикаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Руни Стром ва наояндаи доимии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю мулоқот орост. Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва ивази […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти сарварии директори шӯъбаи энергетикаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Руни Стром ва наояндаи доимии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю мулоқот орост.

Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва ивази таҷҳизоти кӯҳна дар нерӯгоҳи барқии Норак, таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои алтернатвии энергия дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар мавриди омодасозии кадрҳо барои бахши энергетика, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон дар густариши муносибатҳои дуҷониба бо БОР ва иштироки ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ дар таҳия ва амалисозии лоиҳаи CASA-1000 манфиатдор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.