Интиқоли амволи Британия аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит созишномаи байнидавлатӣ дар бораи таъмини транзити амволи бритониёӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба имзо мерасонанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Робин Орд-Смит дар ин робита хабар дод, тибқи санади мазкур, тавассути қаламрави Тоҷикистон на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки таҷҳизоти […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит созишномаи байнидавлатӣ дар бораи таъмини транзити амволи бритониёӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба имзо мерасонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Робин Орд-Смит дар ин робита хабар дод, тибқи санади мазкур, тавассути қаламрави Тоҷикистон на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки таҷҳизоти корӣ низ интиқол дода мешаванд.

«Мо аз Тоҷикистон дархост мекунем, ки барои хурӯҷи амволамон аз Афғонистон тавассути роҳи ҳавоиву заминӣ имкон фароҳам созад», – иброз дошт ӯ.

Сафир таъкид намуд, ки тавассути қаламрави Тоҷикистон танҳо амволи Британияи Кабир интиқол мегардад. «Оид ба хурӯҷи хизматчиёни низомӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо гуфтушунид накардаем», – гуфт Робин Орд-Смит.

Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.

«Дар созишномае, ки имрӯз ба имзо мерасад, дар бораи ба Тоҷикистон додани амволи Британия сухан намеравад ва масъалаи ба ихтиёри ҷумҳурӣ супурдани қисмате аз техникаи низомӣ дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳо ахири моҳи апрел баррасӣ хоҳад шуд», – афзуд дипломат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.