Анҷоми сафари нахустин ҳайати тиҷоратии Британия ба Тоҷикистон

ASIA-Plus


Сафари нахустин ҳайати тиҷоратии Британия ба Тоҷикистон имрӯз, 18-уми апрел ба итмом расид.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати тиҷоратӣ бо намояндагони вазоратҳои гуногун ва соҳибкорони тоҷик вохӯриҳо анҷом доданд. Ҳайат аз нуҳ ширкат иборат буд, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мекунанд, аз ҷумла, дар соҳаи хизматрасонӣ, сохтмони иншооти зербиноӣ, таъмини таҷҳизоти мухталиф, сохтмони пулҳо ва технологияҳои иттилоотӣ.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони ҳайат бо намояндагони вазоратҳои мухталифи Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои маблағгузор вохӯриҳои пурсамар анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳайат бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, муовини кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Шуҳрат Раҳматбоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, Раҳмат Бобокалонов ва бо намояндагони дигар вазорату ниҳодҳои давлатӣ.

Найҷел Питерс, роҳбари ҳайати тиҷоратӣ гуфт, «ҳайат як барномаи хеле ҷолиб ва пурсамар дошт. «Мо бо соҳибкорон, вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои маблағгузор дар Тоҷикистон якчанд вохӯриҳо анҷом додем. Мо якчанд имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун муайян намудем. Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ дар давоми моҳҳои оянда бо шарикони худ дар Тоҷикистон равобит менамоянд», – иброз дошт ӯ.

Дар рӯзи охири сафар сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит зикр кард, ки дар рафти сафар намояндагони нахустин ҳайати тиҷоратии Британия бо намояндагони воломақом вохӯриҳои пурсамар анҷом доданд ва дар мулоқотҳо оиди имкониятҳои ҳамкорӣ, ки ба манфиати ҳарду тараф аст, баррасӣ шуданд. «Ҳукумати Британия фаъолияти худ барои ривоҷ додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро байни ду кишвар давом медиҳад. Ман минатдории хешро ба тарафӣ Тоҷикистон барои қабули гарми ҳайати тиҷоратӣ изҳор менамоям», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...