Тоҷикистону Британияи Кабир ба мувофиқа расиданд

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Тоҷикистон бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Афғонистон Созишномаи байниҳукуматиро ба имзо расониданд. Пас аз имзои созишнома сафири Британияи Кабир дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Тоҷикистон бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Афғонистон Созишномаи байниҳукуматиро ба имзо расониданд.

Пас аз имзои созишнома сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар созишномаи мазкур хурӯҷи на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки амволи дафтари корӣ низ тавассути роҳи ҳавоиву заминии қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба хурӯҷи хизматчиёни ҳарбӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо тасмим гирифтем, ки онҳо бо роҳи ҳавоӣ бароварда мешаванд, зеро роҳи замини хароҷоти зиёдеро тақозо дошта, аммо дар сурати садамаву дигар ҳолатҳои ғайримунтазира мо ба фуруд омадан дар майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон ҳуқуқ дорем», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.

Дар мавриди ба ихтиёри кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ супурдани қисмате аз таҷҳизот Робин Орд-Смит гуфт, барои ин созишномаи ҷудогона ба имзо мерасад.

«Соли гузашта бо Тоҷикистон оид ба масъалаи кӯмак дар бахши мудофиа гуфтушунид карда, ин ҳамкориро идома медиҳем ва масоиле, ки дар ин гуфтушунидҳо матраҳ мегарданд, ба пешниҳоди таҷҳизот ба сохторҳои низомии Тоҷикистон, баргузор намудани машғулиятҳо, бозомӯзии афсарони артиши кишвар дар сохторҳои Британия рабт доранд. Ҳамчунин ба Тоҷикистон таҷҳизоте супурда хоҳад шуд, ки оташкушоӣ аз он ғайриимкон хоҳад буд», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?