Афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ

Дар як таҳқиқоте таҳти унвони «Баҳогузорӣ ба самаранокии иқтисодии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд анҷом дода шудааст, афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ин созмонҳо зикр мегардад. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, узвияти Тоҷикистон ба ин ташкилотҳо натиҷаи иқтисодии мусбат ба бор оварда, вале […]

ASIA-Plus


Дар як таҳқиқоте таҳти унвони «Баҳогузорӣ ба самаранокии иқтисодии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд анҷом дода шудааст, афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ин созмонҳо зикр мегардад.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, узвияти Тоҷикистон ба ин ташкилотҳо натиҷаи иқтисодии мусбат ба бор оварда, вале интизор набояд шуд, ки аз узвият дар як они воҳид афзалиятҳо ба даст меоянд ва он барои Тоҷикистон танҳо як равзанаи имкониятҳоро боз мекунад.

Бино ба маълумоти дар таҳқиқот зикргардида, натиҷаҳои имконпазир аз се ҷанбаи асосӣ – ҷалби сармоя, рушди бештари истеҳсолот ва омили муҳоҷирати корӣ ба даст хоҳанд омад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ба болоравии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 3,5% имкон фароҳам меоваранд.

«Тайи ду даҳсолаи ахир ҳаҷми сармогузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба сатҳи имконпазир камтар буданд ва имконоти сармоягузории кишвар айни замон ҳудуди 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар таҳқиқот.

Зимнан зикр мегардад, ки узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ воситаи муассири воридшавии сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба бахшҳои гидроэнергетика, саноати сабуку истихроҷӣ кӯҳӣ, бахши бонкиву кишоварзии Тоҷикистон хоҳад гашт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, яке аз нафъҳои асосии Тоҷикистон аз узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ воридшавӣ ба бозори ягонаи меҳнат мебошад, ки созишномаҳои ин ташкилотҳо дар мавриди муҳоҷирати корӣ ба муттаҳид намудани захираҳои кории кишварҳои узв ва таъсису роҳандозии фаъолияти мӯътадили ин бозор мебошад.

«Дар маҷмӯъ узвияти Тоҷикистион ба Иттиҳоди гумрукӣ ба афзоиши муҳоҷирати корӣ ба андозаи 10-15%, афзоиши музди меҳнати муҳоҷирон ба миқдори аз 9 то 28% ва зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба миқдори аз 15 то 25% мусоидат хоҳад намуд», – баён мегардад дар таҳқиқот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.