Ҳукумат нақшаи таҷдиди сохтори ТАЛКО-ро тасдиқ кард

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақшаи таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) тасдиқ карда шуд. Мутобиқи қарори мазкур, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарор гирифт, тақсими КВД «ТАЛКО», КДФ «Алюминсохтмон» ва корхонаҳои тобеи он ба корхонаҳои ҷудогона тавассути табдили онҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат соли 2014 ба анҷом мерасад. Тайи […]

Заррина Эргашева


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақшаи таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи қарори мазкур, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарор гирифт, тақсими КВД «ТАЛКО», КДФ «Алюминсохтмон» ва корхонаҳои тобеи он ба корхонаҳои ҷудогона тавассути табдили онҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат соли 2014 ба анҷом мерасад.

Тайи соли 2013 ТАЛКО бояд нақшаи тадбирҳо оид ба болоравии сатҳи истеҳсолот ва маҳсулнокии кор, афзоиши истеҳсоли алюминии аввалия ва ҳаҷми коркард, ҷалби сармоя, воридот ва ҷорисозии технологияи пешрафтаи муосирро таҳия ва амалӣ намояд.

Ғайр аз ин, ширкатро лозим аст, ки давоми солҳои 2013-2014 ба ҳукумат лоиҳаи қарорҳо дар бораи аз ҳайати ширкат хориҷ кардани субъектҳоеро таҳия ва пешниҳод созад, ки ба истеҳсолот мансуб нестанд, аз ҷумлаи иншооти фонди манзил, таъминот бо гармӣ, дегхонаҳо ва ғайра.

Тибқи нақшаи таҷдиди сохтор, ҳамчунин сохтмони ду корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий, таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқии Шӯроб, баргузории таҳлил ва ҷорисозии таҷҳизоти нави техникӣ, бозсозӣ ва таҷдиди истеҳсолот низ дар назар аст.

Қобили зкир аст, ки «ТАЛКО» яке аз ширкатҳои муваффақ ва ягона истеҳсолкунандаи алюминии аввалия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар корхона 275,03 ҳазор тонна ва алюминии аввалия – 272,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 2% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.