Тасдиқи тағйирот ба қонун дар бораи воситаҳои нашъадор

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар баробари баррасии лоиҳаҳои қонунҳои дигар, тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» маъқул шуморида шуд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, лоиҳаи қонуни мазкурро ба вакилон директори Агентӣ Рустам Назаров ва намояндаи мардум дар парлумон Саттор […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар баробари баррасии лоиҳаҳои қонунҳои дигар, тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» маъқул шуморида шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, лоиҳаи қонуни мазкурро ба вакилон директори Агентӣ Рустам Назаров ва намояндаи мардум дар парлумон Саттор Холов муаррифӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Рустам Назаров зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо супориши сарвари давлат бо мақсади такмили баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодираву нобуд сохтани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ҳамчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли он таҳия гардид.

«Лоиҳаи ин қонун барои таҳия намудани лоиҳаи «Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд сохтани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд» ва асбобу таҷҳизоти истеҳсоли он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад», – гуфтанд дар Агентӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.