Ташрифи намояндаи ВКХ Британия ба Тоҷикистон

Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба масоили савдо ва сармоягузорӣ дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни сафар Ли Турнер бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба масоили савдо ва сармоягузорӣ дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни сафар Ли Турнер бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирони Тоҷикистон, роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ Зайд Саидов гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин боздиди меҳмони бритониёӣ ва вилояти Суғд ва мулоқоти ӯ бо раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ дар назар аст.

Ба гуфтаи сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит, Турнер бо вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз наздик ошно гардиданист, то ки воситаҳои дастгирӣ барои рушди онро мушаххас намояд.

«Ахиран мо дарк намудем, ки ба масоили дастгирии иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намесозем. Сафари мазкур як қисмати тарзи нави стратегияи Британияи Кабир барои дастгирии иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.