Маскав: Боздошти собиқ курсанти Академияи ВКД ҶТ бо 19 кило героин

Дар шаҳри Маскав собиқ курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳудуди 20 кило маводи мухаддири героин боздошт шуд. Бино ба маълумоти нашрияи Российская газета, ӯ дар Маскав ғайриқонунӣ иқомат дошта, маводи мухаддиро ба ӯ асосан тавассути қатораи Душанбе-Маскав меовардаанд. «Ҳангоми кофтукови манзи зисти номбурда ҳудуди 19 кило героин ва беш аз 350 грамм ҳашиш […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав собиқ курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳудуди 20 кило маводи мухаддири героин боздошт шуд.

Бино ба маълумоти нашрияи Российская газета, ӯ дар Маскав ғайриқонунӣ иқомат дошта, маводи мухаддиро ба ӯ асосан тавассути қатораи Душанбе-Маскав меовардаанд. «Ҳангоми кофтукови манзи зисти номбурда ҳудуди 19 кило героин ва беш аз 350 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – менависад нашрия.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш боздоштшуда иқрор шудааст, ки боз 4 килои дигар героин дорад ва ихтиёрӣ пинҳонгоҳи онро нишон додааст.

Ҳамчунин

Vmdaily.ru

хабар медиҳад, ки чанде қабл дар шаҳри Перм кормандони пулис се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 27 кило героин боздошт кардаанд, ки барои интиқол ба шаҳри Маскав пешбинӣ шуда будааст. «Маводи мухаддир дар дохили чархи эҳтиётии автомобил дарёфт шуд», – гуфта мешавад дар хабар.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.