Тоҷикистону Британияи Кабир ба мувофиқа расиданд

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Тоҷикистон бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Афғонистон Созишномаи байниҳукуматиро ба имзо расониданд.

Пас аз имзои созишнома сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар созишномаи мазкур хурӯҷи на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки амволи дафтари корӣ низ тавассути роҳи ҳавоиву заминии қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба хурӯҷи хизматчиёни ҳарбӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо тасмим гирифтем, ки онҳо бо роҳи ҳавоӣ бароварда мешаванд, зеро роҳи замини хароҷоти зиёдеро тақозо дошта, аммо дар сурати садамаву дигар ҳолатҳои ғайримунтазира мо ба фуруд омадан дар майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон ҳуқуқ дорем», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.

Дар мавриди ба ихтиёри кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ супурдани қисмате аз таҷҳизот Робин Орд-Смит гуфт, барои ин созишномаи ҷудогона ба имзо мерасад.

«Соли гузашта бо Тоҷикистон оид ба масъалаи кӯмак дар бахши мудофиа гуфтушунид карда, ин ҳамкориро идома медиҳем ва масоиле, ки дар ин гуфтушунидҳо матраҳ мегарданд, ба пешниҳоди таҷҳизот ба сохторҳои низомии Тоҷикистон, баргузор намудани машғулиятҳо, бозомӯзии афсарони артиши кишвар дар сохторҳои Британия рабт доранд. Ҳамчунин ба Тоҷикистон таҷҳизоте супурда хоҳад шуд, ки оташкушоӣ аз он ғайриимкон хоҳад буд», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...