Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, то имрӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафтуомади бемонеаи қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...