Лату кӯби кормандони тарабхонаи пойтахт аз ҷониби милисаҳо

Ҳайати кормандони тарабхонаи «Кебаб-Хаус»-и пойтахт мавриди лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд. Кормандони ҷабрдида ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, қазияро шарҳ доданд. Ба гуфтаи Марат, пешхизмати тарабхона, нимашаб ҳангоме ки онҳоро (7 нафар) микроавтобус ба хонаҳояшон мебурдааст, дар назди беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон кормандони БДА ва ОМОН автомашинаи онҳоро нигоҳ медоранд. Сипас як […]

ASIA-Plus


Ҳайати кормандони тарабхонаи «Кебаб-Хаус»-и пойтахт мавриди лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд.

Кормандони ҷабрдида ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, қазияро шарҳ доданд. Ба гуфтаи Марат, пешхизмати тарабхона, нимашаб ҳангоме ки онҳоро (7 нафар) микроавтобус ба хонаҳояшон мебурдааст, дар назди беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон кормандони БДА ва ОМОН автомашинаи онҳоро нигоҳ медоранд. Сипас як корманди ОМОН аз онҳо ҳуҷҷат пурсида, баъди азназаргузаронии шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ, шиносномаи худи ронандаро талаб мекунад.

Вақте ронанда мегӯяд, ки бо кадом асос аз ӯ шиносномаи шахсӣ талаб карда мешавад, корманди ОМОН бо тамоми қувва ба рӯи ӯ зарба мезанад ва фарёд мекунад, ки «ту ҳоло ҳуқуқҳоятро ҳам медонӣ?!». Сипас мили автоматро ба ҷониби ронанда рост кардааст.

Ба қавли ӯ, ошпази дар паҳлӯи ронанда нишаста кӯшиш кардааст, ки ба ҷанҷол хотима бахшад, вале корманди ОМОН бо пойҳояш ба лату кӯби ӯ оғоз кардааст.

Сипас қарор кардаанд, ки ба шуъбаи милиса мераванд ва баъди чанд муддате дар ҳавлии сарди шӯъба қарор доштан, онҳоро ба беморхонаи табобати нашъамандӣ мефиристанд. Пас аз гирифтани натиҷаҳои манфӣ, соати 4-и субҳ онҳоро ба хонаҳояшон рухсат медиҳанд.

Рӯзи дигар, 18-уми апрел онҳо ба прокуратураи ноҳияи Сино нисбат ба амали ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навиштаанд. «Он шаб мо ба худсарӣ ва қонуншикании комил дучор шудем ва мақомотро аз ин огоҳ карданием, то ки чораҳои зарурӣ андешида шаванд», – гуфтанд ҷардидагон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.