Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, то имрӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафтуомади бемонеаи қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.